Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Бонки Ҳумо»-и ноҳия баргузор гардид.
Масъулин дар суҳбат атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, инчунин оид ба раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ, ки барои солҳои 2020-2025 равона шудааст, андешаронӣ шуда, таъкид гашт, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия,баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.