А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ сармуҳаррири нашрияи ҷумҳуриявии ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28” Сафарбек Наҷмиддинов ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои мазкур Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ибтидоӣ аз рӯи як масъала, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимнан роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, Бахтиёр Ҳамдамов суханронӣ намуда, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28”, Ашӯрзода Гулбаҳорро ба ҳамагон муаррифӣ намуд.
Сипас, тибқи рӯзномаи Конференсия, тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии Ашӯрзода Гулбаҳор Сангиллоро ҷонибдорӣ намуда, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.