БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оромгоҳи шайх Неъматуллоҳи Валӣ – зиёратгоҳи ҷаҳониён

БА ИСТИҚБОЛИ СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ бинни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои фарҳангу адаб мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи валодати ӯро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд. Дар Тоҷикистон мардум нисбати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ маълумоти кам доранд, ҳоло он ки шахсияти пурарзишу осори гаронмояаш арзандаи он аст, ки ӯро бештару беҳтар бишносему аз суханони раҳнамояш баҳраҳо бардорем. Танҳо дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мардум номи ӯро, ки аз падару бобоҳояшон шунидаанд, медонанду халос. Вале нисбаташ эҳтирому эътиқоди беҳудудеро қоиланд. Мардумони вилояти Бадахшон ва ноҳияи Балҷувон нисбати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ эҳтиром ва эътиқоди беандоза доранд. Ҳангоми зикри бузургон аввал номи ӯро ба забон меоранд ва ба номаш раҳмат мефиристанд. Дар байни мардум нисбати ин шахсияти бузург нақлу ривояиҳои зиёде мавҷуд аст, ки парҳезгору меҳнатдӯст ва соҳибкаромату баландмартаба буданашро ифода менамояд.

Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ дар айёми ҷавонӣ барои омӯхтани илму ҳунар ва расидан ба хизмати пирону гирифтани дуои бузургон аз зодгоҳи худ ба сафар мебарояд. Дар чандин маҳаллаҳо ва шаҳрҳо сокин мешавад. Ба суҳбат ва шогирдии олимону шайхони зиёде мушарраф мегардад. Бо ҷаҳду талошу сидқу ихлос кӯшиши пайвастаю тӯлонӣ дар роҳи омӯзиши илму хидмати устодон олиме мегардад боамал ва бузурге ба сафар мебарояд. Бо чанде аз дӯстону шогирдон баъди дидани ҷою маконҳои бешумор, ба сарзамини Балҷувон мерасанд, боду ҳавои тоза, обҳои фаровон, мардуми соддаю беозор ва меҳнатдӯсти ин диёр ба Шоҳ Неъматуллоҳ маъқул мешавадуин ҷойро макони зисти худ қарор медиҳад. Ӯ зуд мақбулу маҳбуби мардуи гаҳваршиноси Балҷувон мегардад. Падари Шоҳ Неъматуллоҳ, ки низ аз шайхони бузург буд, дар куҷо будани ҷигарбандашро дарак меёбад. Ӯ медонист, ки Неъматуллоҳи писараш аз хӯрдӣ ба молу чизи дунё дилбастагие надорад ва ҳамеша аз пайи илм асту омӯзиш. Гумон мекунад, ки писари азизаш зиндагии қамбағалонае дорад ва ба дасти яке аз муридонаш пулу пайсаи зиёде барои ӯ мефиристад. Шогирди вафодор ва ба хизмат тайёр аз Эрон ба сӯйи Балҷувон рахти сафар мебандад. Пас аз чанд рӯз ва суроғу пайи зиёде ӯ то Балҷувон мерасад. Салому пайғомҳои падари бузургвор, модари ташнаи дидори фарзанд ва пулу пайсаҳои бешумор ба Шоҳ Неъматуллоҳ мерасонад .

 Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ баъди обу иззат ва навозишу ҳурмати якчандрӯза меҳмонро пас гусел мекунад. Пеш аз дуои сафар додан, ӯ аз муриди падараш хоҳиш мекунад, ки даҳони борхалтаро кушояд ва ин туҳфаҳоро ба қиблагоҳ расонад. Меҳмон даҳони борхалтаро мекушояд. Шоҳ Неъматуллоҳ аз замин ду бел хок гирифта, ба халта меандозаду он азизро дуои сафар медиҳад. Ин кор муриди падари Шоҳ Неъматуллоҳро дар ҳайрат меорад. Тамоми роҳ дар ни бора фикр мекунад ва чизеро намефаҳмад. Андешахои он ки: «Писар чизи дигаре надошт, ки ба падараш туҳфа фиристад, ки хоки сиёҳро барои ӯ равон мекунад? Ё хоки ин сарзамин чӣ хосият ва давогие доард, ки савғоти писар ба падар шуда метавонад? Ва ё Худо накунад байни падару писар норизогие рух дода буду ин таҳқир ва ҷавоби беандешаи писари нопухтаақл аст?»

Ниҳоят мурид ба назди пири худ мерасад. Баъди аҳволпурсӣ ва расонидани салом, халтаи туҳфаи равонкардаи писарро ба падар медиҳаду аз ғояти шарму ҳаё ҳарфе ба лаб оварда наметавонад. Падари Шоҳ Неъматуллоҳ даҳони халтаро мекушояд ва онро сарозер карда, чизҳои дарунбудаашро болои намад мерезад. Рӯйи намад аз зари сурху марворидҳои лоҷувардӣ ва гавҳарҳои қимматбаҳо пур мешавад. Каромати Шоҳ Неъматуллоҳро мурид ба чашмони худ мебинад. Падари бузургвораш бошад, ҳақиқати корро бо фаросат дармеёбаду дилпур аз он мешавад, ки писараш ба ҷое расидааст. Ва назди Худованд ончунон азиз аст, ки хокро гирад зар мегардад.он неъмате, ки Шоҳ Неъматуллоҳ ёфт, бузургтарин неъмат, яъне маърифати илоҳӣ буд.   

Дар аксари манбаҳо омадааст, ки мавсуф 103-сол умр дида, соли 1431-и мелодӣ аз олам даргузаштаст. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 бо дастгирии ширкати

"Самар" ва мусоидати мардони саховатманд аз сари нав пурра таъмиру тармим гардид. Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ) дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоев-и ноҳияи Балҷувон ҷойгир мебошад  

Мирзоев Бобоҷон, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg