ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Шифо” баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар мулоқот вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, аз он ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намудан, аз дастовардҳои соҳа ёдрас гаштанд.
Дар чорабинӣ иброз шуд, ки барои ҳар як давлат солимии ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи тандурустиро мебояд аз Паёми Пешвои миллат хулосаи даркорӣ бароварда, барои солимии миллат ҳамеша кӯшиш кӯшиш кунанд.