ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” баргузор гардид.
Зимнан масъулин дар мулоқот вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, аз он ҷумла маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда вазифа ва дастурамали корӣ ба ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст мебошад ва моро мебояд барои иҷрои вазифаҳои худ фаъол бошем ва бо амалҳои созанда содиқ будани худро дар назди халқу Ватан собит намоем.