АНДЕША. Чун дигар Паёмҳо дар Паёми навбатӣ ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки дар марҳаллаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Соли 2019, - омадааст дар Паём,- ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳмсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
То ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин пешравиҳо дар масъалаи сохтмону ба истифодадиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи мо ҳам дида мешавад. Танҳо дар соли сипаригардидаи 2019 дар ноҳия 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Пешвои миллат дар Паём дар назди мо кормандони соҳа вазифаҳои басо пурмасъулият гузошт. Аз ҷумла қайд намуданд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд.
Дар Пёмаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши технологияи муосир ва касбу ҳунар диққати махсус дода, иброз доштанд, ки “Шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст. Бинобар ин рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ мебошад. “Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва ба насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем”, - омадааст, дар Паём. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”- ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Дар Паём ҳамчунин кормандони соҳаи маориф вазифадор карда шуданд, ки қобилияти эҷодии хонандагонро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.
Ин пешниҳоди Пешвои миллат хеле саривақтист. Чунки ба мушоҳида мерасад, ки дар муассисаҳои таълимӣ шумораи ками хонандагон ба фанҳои номбурда шавқу ҳавас зоҳир менамояд. Як сабаби бе таваҷҷуҳии хонандагон набудани омӯзгорони соҳибтаҷрибаи дорои дониши баланди касбӣ мебошад. Аз ҳамин рӯ, Президнти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифа гузоштанд, ки нақшаи чорабиниҳоро доир ба ин масъала дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Боиси қаноатмандист, ки бо пешниҳоди Президенти кишвар ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот гузаронида шуда, ғолибони озмун аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонда мешаванд. Ин амал метавонад шавқу ҳаваси хонандагонро ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боз ҳам афзун гардонад.
Акнун вақти он расидааст, ки дар баробари дигар сокинони мамлакат мо, омӯзгорон бо таълиму тарбияи сатҳи баланди насли наврас саҳми арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат гузорем.
Пеш аз ҳама моро мебояд, ки ба донишҳои солҳои донишҷӯӣ гирифтаамон қаноат накарда, сатҳу сифати дониши худро мувофиқи талаботи замон баланд бардорем ва хонандагони худро дар ҳамин рӯҳия таълиму тарбия диҳем.
Ислоҳи мушкилоти соҳаи маориф, ки онро Пешвои миллат мушкилоти ҷомеа ном бурдааст ва ба он афзалият додааст, вазифаи ҳар як сокини бо нангу номус ва боиродаву ватандӯст ва пеш аз ҳама омӯзгорон ба ҳисоб меравад ва дар Паём ҳам бо боварӣ изҳор гардидааст, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.
Тоҷиддин Мирзоев, аъзои гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг