ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа доштанд, инчунин тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Самар - транс» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот оид ба аҳамияти сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор, ки бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ дар соли ҷорӣ оғоз меёбанд, суханронӣ карданд.
Сипас, атрофи моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизб даъват карданд.