ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Осорхона»-и ноҳияи Фархор бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Мавсуф дар масъалаи баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла осорхонаро ба иҷрои вазифаҳои муҳими муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури ҷомеа дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатиро ба ҳозирин ҳаматарафа шарҳ дод.
Инчунин, қайд карданд, ки дар Паёми имсола Роҳбари давлат тамоми ташкилоту муассисаҳои кишварро вазифадор намуданд, то дар назди коргоҳашон китобхона кушоянд. Ҳамзамон Пешвои миллат ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 - ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.