ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии “Мактаби варзишии №2” –и ноҳия Темурмалик вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот, роҳбарияти Кумитаи иҷроия зикр карданд, ки дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур инъикос ёфта, моро месазад дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъол бошем ва барои таъмини шароити арзандаи хеш талош варзем.
Дар идома оид ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум!” барои солҳои 2020-2025 фаъолият менамояд, суханронӣ карданд.