ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Озода»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбӣ ҳамчун “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”, моҳияти иштирок дар маъракаи интихоботи вакилон ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин доир ба муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуданд.