БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБ - БАРНОМАИ МУКАМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН МЕБОШАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ  вохӯрӣ  баргузор карданд. Масъалаҳои меҳварии вохӯрӣ омодагӣ ба интихоботи вакилони мардумӣ ва омӯзиши Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буданд. 

Дар вохӯрӣ масъулони Кумитаи иҷроия иброз доштанд, ки вазифаи ҲХДТ дар фазои басо мураккаб  ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва минтақа, хатарҳои терроризму экстремизм аз он иборат аст, ки  баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, субботу амният ва ягонагии халқи Тоҷикистон ҳамеша талош намояд. Дар баробари ин вазифаи ҳар як узви ҳизб ҳифзи давлату давлатдорӣ ва нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg