НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроия вохӯрӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъсиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия баромад намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.
Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.