КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишк”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа доштанд, вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар маҷлис масъулин дар бораи муҳтавои Паёми имсола ҳарф зада, қайд карданд, ки Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст. Паёми навбатии Пешвои миллат чун Паёмҳои пешин аз таҳлилу хулосабарориҳо, дастурҳои навину вазифагузориҳои оянда саршор буда, моро ба амалҳои созанда ҳидоят мекунад.
Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баррасӣ шуда, ҳамагон барои татбиқи ҳадафҳои созанда, ки дар барномаи мазкур инъикос ёфтаанд, даъват шуданд.