БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН САРСАБЗИАТ ХУШБАХТИИ МОСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Беҳбудӣ”-и ноҳияи Кӯшониён  ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар доираи  Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" дар шоҳроҳи Кӯшониён - Вахш маъракаи кабудизоркунӣ баргузор гашт.
Дар чорабинӣ кормандони масъули ҳизбӣ ширкат варзида, дар як тарафи шоҳроҳ 123 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ин ба ӽусни шоҳроҳ зебоӣ мебахшад. Чунин корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  дигар гӯшаву канори ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар партави аксияҳои ҳизбӣ баргузор шуда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg