БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАКМИЛИ МАЛАКАВУ МАҲОРАТИ НАВРАСОН ДАР ДОИРАИ ОЗМУНИ ШАШКА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи шашка байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр    гузаронида шуд.

Мусобиқа бо қироати Суруди миллӣ батаври зинда аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардид,  ки чунин усул барои бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ  дар замири наврасону ҷавонон таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Дар ин мусобиқа гурӯҳи духтарон 30 нафар ва гурӯҳи писарон 40 нафар дар алоҳидагӣ миёни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Зимни мусобиқа байни духтарон ғолиби ҷои якум Нилуфар Абдураҳмонова -  хонандаи МТМУ №9, дар ҷои дуюм Сумая Носирова - хонандаи МТМУ №1 ва ғолиби ҷои сеюм Гулҷаҳони Тағаймурод - хонандаи МТМУ №17  гардиданд. Миёни писарон бошад, ҷои аввалро Идрис Асадов - хонандаи МТМУ №17, ҷои дуюмро Бахтиёр Исҳоқов ва ҷои сеюмро Мадохирзода Хуршед хонандаи МТМУ №1 ишғол намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg