БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ДАСТУРАМАЛИ ОМӮЗИШӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи 20-солагии истиқлолияти шаҳри Кӯлоб доир ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, ки санаи 26-уми декабри соли равон ба Маҷлиси Олӣ  ироа доштанд  бо ширкати масъулони Кумитаи иҷроия ва сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ  аз таъкиди Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки  чунин аст: “...китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.  

Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар Паём Пешвои миллат дар баробари масъалаҳои марбут ба тарбияи наврасону ҷавонон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишварро ниҳоят муҳим арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg