БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ БУНЁДГАРУ СОЗАНДА АСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и ноҳияи Қубодиён  ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешбарии номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар участкаи интихоботии №17-и Ҷамаоти шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ   раиси  Кумитаи иҷроия аз  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Анҷумани 13-ҳуми ҲХДТ   санаи 13-уми декабри соли 2019 дар ҳузури 1917 вакил ироа доштанд, ёдовар шуд.   

Ҳамчунин, мавсуф  доир ба масъалаи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифтааст, сухан гуфта, қайд намуд, ки ҲХДТ  худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии миллат  мусоидат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg