БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ - ТАТБИҚГАРИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  дар ташкилотҳои  ибтидоии “Хоҷагии ҷангал”, “Ҷамъияти матлубот”, “Варзишгоҳ”, ҶДММ “Обёрии Данғара”, “Муассисаи давлатии нигоҳдории  роҳҳои автомобилгард”–и ноҳияи Данғара вохӯрӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар баромади худ атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатӣ, аз ҷумла рӯ овардан ба мутоилаи асарҳои бадеӣ, иқдоми навбатии Пешвои миллат ҷиҳати туҳфа кардани асари арзишманди академик Бобоҷон Ғаффуров китоби “Тоҷикон” ба ҳар хонадони кишвар, қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 5500- солагии Саразми бостонӣ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, мубориза ба терроризму ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза бар  зидди коррупсия, интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тарғибу ташвиқ шуда, аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаи муҳими сиёсӣ даъват  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg