БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ ҲХДТ АЗ ҲАВЗАИ ЯКМАНДАТАИ ЁВОН-29 ПЕШБАРӢ ГАРДИД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баргузории Конференсияҳои ҳизбӣ бобати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои  Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ  баргузор гардид. 

Дар кори он  танҳо як масъала пешбарии номзад ба Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи  “Ёвон-29”  пешниҳод гардида, баъди музокираҳои баромадкунандагон  номзадии Азимзода Толибхон Ситамурод  пешниҳод гардида, баъди овоздиҳии пинҳонӣ Азимзода Толибхон Ситамурод  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар кори Конференсия сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” Ҳамдамов Бахтиёр, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед иштирок намуданд.

Дар Конференсия дар умум 103 вакилон, аз ҷумла  21 вакил аз ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва 82 вакил аз ноҳияи Ёвон ширкат доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg