БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНКИШОФИ СУННАТҲОИ ФАРҲАНГӢ АЗ РИСОЛАТҲОИ ҲХДТ МЕБОШАД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Хутал”-и шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд.

Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа, дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат ироашуда, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ тақозо менамояд то низоми нави рушди соҳаи фарҳанг ташаккул дода шавад. Хусусан, ба тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, омӯзонидани ҳунарҳои нафиса ва инкишофи суннатҳои устувори фарҳанги халқамон аҳамият додан аз рисолатҳои усулии ҲХДТ мебошад, омадааст дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025,- таъкид гардид дар ҷамъомад.

Дар идома раиси ташкилоти ибтидоии “Хутал” баромад карда, иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон ба соҳаи фарҳанг диққати аввалиндараҷа дода, барои рушду нумӯи он чораҳои заруриро амалӣ карда истодаанд.  Ғамхориҳои Пешвои миллат аст, ки имрӯз санъати шашмақому фалак дубора эҳё гардида, миёни омма маҳбубияти хоса пайдо намудаанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg