БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: СОЛИМИИ ҶОМЕА АСОСИ ПЕШРАФТИ КИШВАР АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба Маҷлиси  Олӣ дар  ташкилоти  ибтидоии  “Беморхонаи  марказӣ”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав  ворхӯрӣ  баргузор  гардид.

Масъулини  ҳизбӣ дар суханронии худ қайд  намуданд, ки  давлату Ҳукумати  кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати  махсус  медиҳад. Дар давоми сол садҳо  иншооти  тандурустӣ, аз ҷумла   беморхонаҳои  замонавӣ, марказҳои  саломатӣ ,бунгоҳҳои  тиббӣ мавриди  истифода қарор дода  шуд. Сифати  хизматрасониҳои  тиббӣ ба  куллӣ  тағйир  ёфта,  маблағгузориҳо ба  соҳаи  тандурустӣ  сол  аз  сол  зиёд гардида истодааст. Аз  ин  рӯ   кормандони  соҳаро зарур аст,  барои  солим  нигоҳ  доштани мардум савияи  касбии  худро  баланд  бардоранд ва дар таъмини солимии ҷомеа талош варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg