БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: НИЗОМИ БОНКӢ САРЧАШМАИ АСОСИИ ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ ҲАДАФҲОИ ДАВЛАТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ  ва   шарҳу тавзеҳи Паёми имсола вохӯрии    кормандони  масъули ҳизбӣ дар ноҳияи Темурмалик бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Бонкчиён”  баргузор  гардид.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия вобаста ба Паёми  навбатӣ, ки дар он Роҳбари давлат дар бораи фаъолияти бонкӣ дар ҷумҳурӣ андешаронӣ намуданд,    ибрози  сухан  намуда, қайд карданд, ки низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.

Ҳамзамон дар бораи  моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ  намуда, таъкид карданд, ки татбиқи ҳадафҳои барнома  вазифаи асосии  аъзои ҳизб мебошад.

Сипас, дар интиҳо  раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ  барои  саҳми  арзанда  гузоштанаш  дар  амалӣ  сохтани  ҳадафҳои  барномавии  ҳизб бо   Сипосномаи Кумитаи иҷроия  сарфароз  гардонида  шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg