БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ БЕВОСИТАИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ  ва  номзади  он  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлиси  маҳаллии  вакилони  халқ  дар  ҳудуди  участкаҳои  интихоботии  ноҳияи  Темурмалик    вохӯрии    кормандони масъули ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”  баргузор  гардид.

Зимни мулоқот,  роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар  бораи   Паёми  навбатии   Пешвои  миллат,  моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҳизб, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бармеояд, ҳизб тасмим гирифааст, ки ба хотири  татбиқи Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки  дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст саҳми босазо гузорад.  

Дар охири суҳбат раиси  ташкилоти  ибтидоии  мазкур  барои  саҳми  арзанда  гузоштанаш дар амалӣ сохтани  ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  бо  Сипосномаи Кумитаи иҷроия  сарфароз  гардонида  шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg