БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ” БОИСИ ДАСТГИРИСТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ дар мавзӯи  “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат аст!”  доир гардида, дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид  ба соҳаи илму маориф ҳамчун  соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ андешаронӣ карда, даъват бар он намуданд, ки нисбати сатҳу сифати таълим дар ҳар як муассисаи таълимӣ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шавад. Барои азхудкунии донишҳои замонавӣ назоратро пурзӯр намуда, наврасону  ҷавононро ба хондани китобҳои бадеиву илмӣ тарғиб намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд  ва  ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Инчунин, дар идома қайд карда шуд, ки бо  мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  ва васеъ намудани тафаккури техникии насли наврас Сарвари давлат солҳои 2020-2040-ро  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ” эълон намуданд, ки ин боиси дастгирист.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg