БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛИ МУШАХХАС ДАР ФАЪОЛИЯТИ МО ҲИЗБИЁН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва интихоби номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботӣ дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилотҳои  ибтидоии “Шуъбаи маориф”, “Раёсати молия”, “Ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа”, ҶММ “Оби деҳот” ва ҶДММ “Наврӯз-01”-и ноҳияи Данғара бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  вохӯрӣ баргузор гардид.

Ташкилкунандагони вохӯрӣ дар суҳбат атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ  гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва  мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg