БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУСОИДАТ БА ПЕШРАФТИ КИШВАР ҚАРЗИ ВИҶДОНИИ МОСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён»-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ баргузор гардид ва дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз ҷумла қайд шуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтааст. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.   

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳамагон фаҳмонида шуда, таъкид гашт, ки саҳм гузоштан дар рушду пешрафти кишвар вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи виҷдонии мо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg