БОХТАР. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Шариф” вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат барои тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар роҳнамои корӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани датсуру супоришҳои ироашуда ҳамаи мо масъулем.
Инчунин, дар идома қайд гардид, ки соли 2020 дар вилояти Хатлон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи вилоятӣ “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” эълон гардидааст. Моро лозим аст, барои дар амал татбиқ намудани ин тадбир тамоми неруву тавоноиамонро равона карда, ҳимоятгари манфиатҳои миллии хеш бошем.