БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи бандҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2019 бармеояд ва Барномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулон дар вохӯрӣ аз ҷумла қайд намуданд, ки «Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти тамоми соҳаҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар вохӯри даъват ба амал оварда шуд, ки мо аъзои ҲХДТ дар таблиғу ташвиқи муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки мақсаду маромаш “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” мебошад, ҳамаҷониба бояд кушиш ба харҷ диҳем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg