БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД БЕҲТАР КАРДАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИ МАРДУМ

   ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, инчунин таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар раёсати молияи ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  қайд гардид, ки дар Паём ҳама самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайн гардиданд. Пешвои миллат солҳои 2020-2040-ро бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ эълон карданд. Инчунин барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ китоби Тоҷикон-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи кишвар барои мутолиа туфа карда мешавад.

Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои пешрафт ва зиндаги шоистаи мардум”, ки бо қарори Анҷумани 13-уми ҲХДТ тасдиқ шудааст ва дар он самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020–2025 муайян карда шудааст, ба ҷамъомадагон муаррифӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg