
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2020 баргузор гардид ва дар он узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия, Одиназода Бозоралӣ Неъмат, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.
Дар маҷлис вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019, таъсиси Ситоди пешазинтихоботӣ, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2020, тасдиқи ҷадвали гурӯҳҳои таблиғотӣ, тасдиқи нақша- чорабиниҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, қарори Анҷумани 13-уми ҲХДТ “Дар бораи ҳисобот оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар солҳои 2014-2019 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ барои солҳои 2020-2025”, даъвати Конференсияи муштараки ҲХДТ, пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони хақи вилоят ва ноҳия, тасдиқи буҷаи Кумитаи иҷроия барои соли 2020, ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар давраи солҳои 2014 то 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас ҷиҳати баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода дода шуд.