
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии "Молия" баргузор гардид.
Нахуст, дар суҳбат роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, сухан гуфтанд. Ҳамчунин дар идома таъкид шуд, ки такмили низоми молиявии кишвар ва таъмини самараноки фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мушаххас шидааст, аз ҳар як аъзои ҳизб масъулияти баландро талаб мекунад.