БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “А.Шарифӣ”-и Ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ  хониши сиёсӣ ҷиҳати таблиғи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ атрофи маъракаи муҳими дарпешистода, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумумиллии соҳибихтиёрӣ ва ошкорбаёнӣ  амалӣ месозад. Таҳкими манфиатҳои миллии кишвар самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Бинобар ин фаъолона ширкат намудан ва дар сатҳи баланд баргузор кардани ин маъракаи муҳими сиёсӣ  вазифаи масъулиятноки ҳар як узви ҳизб ба шумор меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg