БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ХИЗМАТ МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои милӣ. Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Панҷ вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Қодир Зоидов” баргузор гардида, бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

   Дар Паёми хеш Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки дар солҳои минбаъда пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ низ меафзояд.  

   Бо назардошти ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст, маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ дар бораи  соли 2020 ҳамчун Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ эълон гардидан андешаронӣ шуда, даъват гардид, ки ҳизбиён зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” содиқона хизмат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg