
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар арафаи иду ҷашнҳо ба шахсони ниёзманди ҷомеа аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешвад. Чунин иқдоми хайр дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба як нафар ниёзманди ҷомеа аз деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод кумаки молиявӣ ва моддӣ расонида шуд. Амали нек аз ҷониби шахси ниёзман бо хушнудӣ пазируфта шуда, дар суҳбат зикр кард, ки дастгириву ғамхориҳои шахсони хайрхоҳ мо ниёзмандонро ба зиндагӣ дилгарм месозад.