БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТУРУ СУПОРИШҲО ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маҷлиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб  доир гардид.

Дар он раиси узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин,    раиси Кумитаи иҷроия Абдусаломзода Мунаввар ва аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Дар маҷлис вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2020 тасдиқ шуда, тибқи қарори Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Ситоди пешазинтихоботӣ, ҳайати Раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ ва муҳокима карда шуданд.

Ҳамзамон, Вализода Икромиддин иброз дошт, ки мо ҳизбиёни ноҳия он дастуру супоришҳое, ки Раиси муаззами ҲХДТ дар суханрониҳояшон баён доштанд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, минбаъд дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз ин  беш кӯшиш менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg