ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар пайравӣ ба иқдомҳои наҷиби инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба аёдати бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи “Умед” рафта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда, дастурхони идона оростанд.