БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗОНРО ДУОЕ МЕРАСАД...

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” бо иштироки аҳли заҳмати корхона ва масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  намояндагони ҳизбӣ  оид ба омӯзиши бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбӣ ҳамчун  “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”,  баргузории маъракаи интихоботи вакилон ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон  дар доираи  аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар шахси ниёзманди ҷомеа кумак (аз қабили маводи хӯрока) расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg