
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Тоҷикобод”-и ноҳияи Вахш оид ба иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида, ҳамзамон ҷиҳати фаҳмондани моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ қайд карданд, ки се соли охир дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд. Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.
Масъулин зикр карданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ раҳнамоест барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва он вазифаи аъзои ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.