ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои ҳизб ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Вахш дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» доир гардида, масъулин оид ба масъалаҳои болозикр баромад карданд.
Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки мо сокинон дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем ва моро зарур аст бо шинохти манфиатҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва дӯст доштани Ватан дар интихоботи дарпешистода иштирок карда, вакилони арзандаро интихоб намоем.