БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Озмоишгоҳи ветеринарӣ”-и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар мулоқот масъулони кумитаи иҷрояи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, зимнан ҷамъомадагонро ба моҳияти нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шинос намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро ба дарки ҳамагон расониданд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки муҳтавои Паёми солонаи Пешвои миллат аз он иборат аст, ки мебояд ҳар сокин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он кореро новобаста аз вазъи иҷтимоии худ анҷом диҳад. Дар ҳамин ҳолат мо метавонем дар ҷомеа пешрафтро амалӣ намуда, зиндагии шоистаи худро таъмин созем.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколамма сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg