БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛАСАИ ЯКУМИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз 5-уми январ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи якуми Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Ситод 5 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт:

  1. Тасдиқи сохтори Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва ситодҳои шаҳриву ва ноҳиявӣ.
  2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар давраи маъракаи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ.
  3. Тасдиқи тавсияҳои Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
  4. Баргузории Конференсияҳои ҳизбӣ ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ вилоят ва шаҳрию ноҳиявӣ.
  5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин, се дастурамали тарғиботӣ барои гурӯҳҳои таблиғотии ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла, истифодаи технологияҳои муосири сиёсӣ дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ, ҷиҳати тарғиби Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун барномаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ ва барои корбарӣ тавсия карда шуд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар баромадаш таъкид дошт, ки гурӯҳҳои таблиғотии пешазинтихоботӣ ҷиҳати тарғиби ҳамаҷонибаи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, инчунин расидагӣ ба мушкилоти мардум чораҳои зарурӣ андешанд, харитаҳои сиёсии ҳавзаву участакаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳоро таҳия намоянд ва хоса, дар участкаҳои интихоботие, ки ҳизби мо дар интихоботҳои қаблӣ овозҳои нисбатан камтарро соҳиб гардида будем, корро ҷоннок намоянд, бо истифода аз дастурамалҳои мазкур таблиғу ташвиқро дуруст ба роҳ монда, тафаккури мардумро ба ҲХДТ моил нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg