БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР СИЁСАТИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН БА СОҲАҲОИ ИЛМУ МАОРИФ АФЗАЛИЯТИ АВВАЛИНДАРАҶА ДОДА МЕШАВАД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти  ибтидоии “Маорифчиён” вохӯрии судманд  баргузор  гардид,  ки дар  он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар суҳбат масъулин дар бораи соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ  дар Паёми Пешвои миллат инъикос ёфтааст,  ёдовар шуда, қайд карданд, ки то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонида шудааст. Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад.

Инчунин, дар ин раванд моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ба ҳамагон фаҳмонида шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки  саҳм гузоштан дар рушду пешрафти кишвар вазифаи шаҳрвандии мо  ва қарзи виҷдонии мо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg