БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТИ МИНБАЪДАИ ҶОМЕА ВА ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ МЕБОШАД

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Дурахшон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ таҳти унвони «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва ҳалли мушкилоти мардум ҳадафи асосии ҲХДТ» баргузор гардид.

Дар суҳбат аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ Паёми навбатӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025  баррасӣ карда шуда, таъкид гардид, ки  яке  аз  омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа  дар  радифи   терроризму  экстремизм   ба  амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд,  ин  коррупсия мебошад. Аз  ин рӯ, мубориза бо  ин  амали нангин  пеш  аз  ҳама вазифаи асосии мақомотҳои давлатӣ  ба  ҳисоб меравад, чунки тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ маҳз бояд тавассути мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  амалӣ  карда  шаванд. Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, мафкураи зиддикоррупсиниро дар  ҳамаи сохторҳои мақомоти давлатӣ,  аз  ҷумла шуъбаю бахшҳое, ки   ба  иҷозатномадиҳӣ вобаста мебошанд, зери назорати қатъӣ гиранд.

Инчунин, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва ҳадафҳои  дарпеш  гузоштаи сохтори ҳизбӣ дар давраи интихоботӣ ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg