БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ БА ҲХДТ ВА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ОН ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2019 бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии «Нури Хуросон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, маҷлисро  раиси ташкилоти ибтидоӣ кушода, мақсади баргузории ҷамъомадро ба ҳамагон фаҳмонид.

Баъдан роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, дастуру супоришҳое, ки дар  Анҷумани 13-уми ҲХДТ аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигӣ дода шуд, андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки  дар Паёми навбатӣ  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид карданд, ки соли 2019 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Дар ҳақиқат дар сиёсати дохилии кишвар дар соли 2019 агрегати дуюми НОБ-и Роғун ба истифода дода шуд, ки ин қадами устувор баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.     Дар охир  аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзои он  барои ташкили маҷлиси судманд миннатдорӣ баён карда шуда, изҳор дошта шуд, ки мо аъзои ҲХДТ дар ташвиқи моҳияти Паём ва Барномаи пешазинтихоботӣ, ки мақсаду маромаш “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” аст, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар интихобот ба ҲХДТ ва номзадҳои арзанда райъи худро дареғ намедорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg