БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ АСЛИИ ҲХДТ МУТТАҲИДСОЗИИ ҶОМЕА АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”  хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия зимни суханронӣ  таъкид дошт,ки  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб дар Паёми имсолаашон  қайд намуданд, ки соҳаи  тандурустӣ  «Ҳарчанд, ки  дар натиҷаи таъмин  кардани  муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо  бо таҷҳизоти муосир  як қисми  мушкилоти соҳа рафъ  гардидааст, аммо сатҳу  сифати  хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи  касбии кормандони  миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад» ва ба масъулин ҷиҳати ислоҳи ҳарчи зудтари вазъ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд. Ҳамзамон мавсуф  аз ҳар як аъзои ҳизб  ҷиҳати таблиѓу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёси  даъват ба амал овард. Сипас, дар навбати худ чанде аз ҷамъомадагон дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён карда, зикр намуданд, ки мо кормандони соҳадастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизбро ҳамаҷониба дастгирӣ карда,баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта талош меварзем.

Дар охир дар ростои «Соли шинохти бештари  манфиатҳои миллӣ!» ва  Аксияи ҳизбии “ҲХДТ  муттаҳид месозад!”  бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  ба 3 нафар кӯдакони маъюб ва эҳтиёҷманд сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg