ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ анҷом додани амалҳои хайр ташкил медиҳад. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду барҷомондагон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша кумаки моддиву молиявии худро мерасонад.
Ин навбат бахшида ба Соли нави мелодӣ ба 4 нафар ятимон, маъюбоне, ки дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод зиндагӣ менамоянд, бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори саховатпеша Насриддинов Сайфиддин кумаки моддӣ расонида шуд. Инчунин, дар ин раванд иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ғафуров Саъдуллоро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аёдат карда, аз ҳолу аҳволи ин пирамарди рӯзгордида аз наздик шинос шуд ва ба ӯ ёрии яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд. Иқдомҳои инсондӯстона аз ҷониби ниёзмандон бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо ғамхориҳои пайвастаро аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.