БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ РОҲНАМОИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву суҳбатҳо доир гардида истодааст.

Чунин вохӯрии судманд дар ташкилоти ибтидоии “КАТС”  бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои гурӯҳҳои таблиғотӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   баргузор гардида,  аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки ҳамаи мову шумо вазифадорем, он нуутаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро сармашқи кору пайкори худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ саъю талоши худро равона созем. Зеро, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат дар самти беҳтар намудани   шароити мусоиди корӣ  дар соҳаи тандурустӣ фароҳам овардааст, танҳо аз мову шумо тақозо мешавад, ки сатҳи хизматрасониро дар сатҳи баланд  бардорем.Вобаста ба интихоботи дарпешистода ҳозиринро  бо барномаи пешазинтихоботӣ шинос намуда, он ҳадафҳои  ҲХДТ, ки аз Оиннома ва Барномаи ҳизб бармеоянд, ба дарки ҳамагон расонида шуда,  аз онҳо даъват карда шуд, ки дар интихобот фаъолона ва бо иродаи қавӣ ба вакили арзанда овоз диҳанд.

 Инчунин,  ба якчанд кӯдакони имконияташон маҳдуд  ва эҳтиёҷманд  бо дастгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сару либоси зимистона тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg