БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии "Гулостон" баргузор гардида, дар он масъулин оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба ҳамагон дода буданд, суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, аз Барномаи пешазитихоботии ҲХДТ иқтибосҳо оварда шуда, иброз гардид, ки ҲХДТ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, тадбирҳои рушди устувор ва бо мароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати зиндагии арзандаи аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, ба роҳ мемонад.

Дар охири аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар масъалаи ободонӣ ва рушди маҳал саҳмгузор бошанд, то ин ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлтиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg