БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРАМАЛЕСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ВАТАНСОЗӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар  ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати шаҳрак» баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ки санаи 26 декабри соли 2019 аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар ироа гардид, андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Инчунин, аз рӯи таҳлилҳо маълум гардид, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Сипас, дар идомаи маҷлис Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, моҳияти он ба дарқи ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg