БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ДАР РОҲИ ПЕШРАФТИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН БОЗ ҲАМ САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии намояндагони ҳизбӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Меҳрубон Ҳасан”-и  ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ баргузор гардида, дар он баррасии муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  мавриди таҳлил қарор гирифт.

Раиси муаззами ҳизб зимни суханронӣ қайд намуданд, ки давлату ҳукумат то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро  ба анҷом расонидааст.      

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми мардуми кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу  муқаддасамонро ба як  сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.

Ободониву созандагӣ яке аз ҳадафҳои ҳизбиён буда, онҳо ҳамарӯза дар амалӣ  гардидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ  саҳм гузошта истодаанд. Аз ҷумла фаъолони  маҳаллаи Меҳрубони Ҳасанов бо қувваи хайрхоҳон ва саховатмандон дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” 200 метр роҳҳои кӯчаҳои маҳалларо сангфарш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg